МАҶЛИСИ САЙЁРИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРӢ ДАР ВМКБ
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 5 август дар шаҳри Хоруғ маҷлиси навбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он раиси вилоят, раиси Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ Қодири Қосим, мушовири Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаббат Рӯзадор, ёвари мушовири сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Абдуалӣ Тоиров, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд. Дар маҷлис масъалаи тайёрии ҳизбҳои сиёсии мамлакат ба интихоботи парлумон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки моҳи феврали соли 2010 баргузор мегардад. Дар ин бора корманди масъули Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ Нуралӣ Саидов телефонӣ аз шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






