МАҶЛИСИ ШӮРОИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИМИИ ИДМ
Минск, 21 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Имрӯз дар шаҳри Минск маҷлиси муштараки Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ, мақомоти дигари Иттиҳод ва Комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳои дар давоми соли 2008 қабулнамудаи Шӯроҳои сарони давлатҳо, сарони ҳукуматҳо ва нақшаи тадбирҳои асосии амалӣ сохтани барномаи рушди минбаъдаи ИДМ — ро муҳокима мекунанд. Инчунин лоиҳаи Низомномаи умумии мақомоти соҳавии ҳамкории ИДМ дар таҳрири нав ва ҷадвали ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ дар назди мақомоти болоии Иттиҳод дар давраи солҳои 2010 — 2011 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






