МАҶМӮАИ НАВИ МАҚОЛАҲО БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Август 11, 2009 11:15

                 Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Маҷмӯаи сеюми «Масъалаҳои муҳимтарини филологӣ» бо дастгирии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия аз чоп баромад. Дар ин маҷмӯа мақолаҳои устодон ва унвонҷӯёни кафедраи забонҳои хориҷии забоншиносии умумии донишгоҳи мазкур ҷой дода шудаанд. Муҳаррири ин маҷмӯа доктори илмҳои филологӣ, профессор Ф. Зикриёев мебошад.                Дар маҷмӯа мақолаҳои бахшида ба таҳқиқи проблемаҳои муҳими филологияи Олмону Эрон ва славянӣ, инчунин забоншиносии муқоисавӣ ҷой додашудаанд. Баъзе мақолаҳо мавзӯъҳои гуногуни семантикаи забон, воҳидҳои фразеологии забонҳои имрӯзаро аз нуқтаи назари муқоисавӣ таҳлил менамоянд. Мақолаи дигар проблемаҳои лингвистикаи забонҳои алоҳида, ҷиҳатҳои фарқкунандаи забонҳои дунё, матншиносӣ, назария ва амалияи тарҷумаҳои тоҷикию форсиро дар бар мегиранд.                Маҷмӯаи мақолаҳо барои донишҷӯёну аспирантҳо ва омӯзгорони соҳаи филология ва ҳамаи онҳое пешбинӣ шудааст, ки ба масъалаҳои забоншиносӣ ва филология мароқ зоҳир менамоянд.                                                                                                          Тарҷумаи Зебо Иноятова 

Август 11, 2009 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд