МАЛИКШО НЕЪМАТОВ: «ИМРӮЗ КИШВАР БА МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДА ЭҲТИЁҶ ДОРАД»

Август 22, 2009 09:25

              Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Зиёда аз 7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар таҳсил мекунанд, қайд гардид дар мулоқоти донишҷуёне, ки дар хориҷӣ кишвар таҳсил мекунанд.              Вахӯрии мазкур 21 августи соли равон дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи ҶТ иштирок намуданд.              Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар баромади худ ба донишҷуён муроҷиат намуд, ки имрӯз кишвар ба мутахассисони варзида эҳтиёҷ дорад ва баргаштани шумо танҳо ба хотири рушди Тоҷикистон аст. Ва мо бояд пеш аз ҳама аз кор ва фаъолияти шумо бохабар бошем ва тавонем дар ҳолати зарури ба шумо кӯмаки худро расонем.               Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба таҳсил дар хориҷи кишвар ва тамоми проблемаву мушкилиҳое, ки донишҷуён рӯ ба рӯ мешаванд, суханронӣ намуданд.  

Август 22, 2009 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд