МАЪЛУМОТИ ДУРУСТ ТО ДАВРАИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОН БА ДАСТ ОВАРДА МЕШАВАД

Август 31, 2009 11:26

                     Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо иттилои дафтари матбуотии ВКД ҶТ дар мушовираи муштараке, ки 21 — уми августи соли ҷорӣ бо иштироки вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФР дар шаҳри Қазон баргузор гардид, шумораи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки қонунан ба қайд гирифта шудаанд, 391 ҳазор хонда шуд. Тибқи иттилои мавҷуда, боз ҳамин қадар муҳоҷирони меҳнатӣ ғайрирасмӣ дар ФР ба кору фаъолият машғуланд.                    Дар мушовираи мазкур, миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва ФР қарордод дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ФР ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, ба роҳ мондани табодули иттилоот дар бораи рафту омади шаҳрвандони ду кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба рох мондани тарзи дурусти бақайдгирӣ мавриди муҳокима қарор ёфт.                   То имрӯз шумораи аниқи муҳоҷирони ғайрирасмии Тоҷикистон дар ФР номаълум боқӣ мондааст ва шояд он то давраи интихоботи Парлумони кишвар (соли 2010) муайян гардад.  

Август 31, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд