МАМЛАКАТҲОИ ҶАНУБИ ОСИЁРО ТӮФОНҲОИ БАҲРӢ ФАРО МЕГИРАНД
Токио, 11 август. (АМИТ «Ховар» — ЛТВ. ру ). — Рӯзҳои охир бисёр мамлакатҳои шарқӣ ва ҷанубии қитъаи Осиёро тӯфонҳои шадиди баҳрӣ фаро гирифтанд. Дар натиҷаи тӯфонҳои мазкур боришҳои тӯлонӣ, обхезӣ, шамоли сахт ва ярч фуромада, ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷанубу шарқии Осиё зарари калон мерасонанд. Аз рӯи хабарҳои расида, айни ҳол дар қисмати шарқӣ ва ҷанубии Осиё ду тӯфони калони баҳрӣ бо номҳои «Этау» ва «Моракот» ба қайд гирифта шудаанд. Хабар дода мешавад, ки дар маҳалҳои маскунии наздисоҳилии Ҷопон аллакай 9 нафар қурбони тӯфони баҳрии «Этау» гардид. Дар вилоятҳои ғарбии мамлакат садҳо хонаи истиқоматӣ ба маънои томаш хароб шуд. Ҳаракати нақлиёт қатъ карда шуд. Дар натиҷаи тӯфонҳои баҳрӣ, вазидани шамоли сахт ва боридани борон шароити зиндагии минтақаҳои шарқии наздисоҳилии Чин ҳам хеле душвор гардидааст. Дар ин ҷо низ садҳо бинои истиқоматиро об шуста бурд. Тӯфони баҳрӣ хусусан ба ҷазираи Тайван зарари калон расонд. Тӯфони «Моракот» айни ҳол ба самти шимол ҳаракат карда, рӯзҳои наздик шаҳри Шанхайро фаро хоҳад гирифт. Суръати ҳаракати он дар як соат 120 километр мебошад. Шабонарӯзи гузашта бар асари фалокат дар ҷазираи Тайван 7 нафар ҳалок гардид, дар ин ҷо бештар аз 500 ҳазор бино хароб шуд. Мақомоти Чин шабонарӯзи гузашта аз маҳалли фалокат қариб 950 ҳазор нафарро ба ҷои бехатар кӯчонданд. Бо вуҷуди ин қариб 5 миллион сокини деҳот дар минтақаи тӯфон боқӣ мондааст. Мақомоти мамлакат қисмҳои ҳарбиро ба расондани кӯмак ба аҳолии маҳаллӣ сафарбар менамоянд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






