МАОШИ МОҲИПАРВАРОН АЗ ҲАМА ПАСТ АСТ

Август 11, 2009 08:57

                   Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Маълумоти оморӣ нишон дод, ки дар соҳаи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ дар моҳҳои май — июни соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ ва моҳипарварӣ аз ҳама камтар аст.                   Дар ду моҳи охири соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ ба 74 сомонӣ ва моҳипарварон ба 115 сомонӣ баробар шуд, ки миёни дигар кормандони ба истеҳсолот машғул камтарин музди меҳнат ҳисоб меёбад.                  Музди кори аз ҳама баланд дар соҳаи сохтмон — 670, 35, сомонӣ, нақлиёт — 632,80, алоқа — 591,59 ва саноат 447,66 сомонӣ мебошад.                  Умуман дар ин давра, дар соҳаи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ музди миёнаи ҳармоҳаи кор 250, 39 сомониро ташкил дод.                  Дар байни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ музди миёнаи кормандони молия ва мақомоти қарзгузорӣ аз ҳама зиёд — 960, 13 сомониро ташкил дод, ё ба таври дигар, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ музди меҳнати миёнаи кормандони ғайриистеҳсолӣ ба 266,73 сомонӣ баробар шуд.

Август 11, 2009 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд