МАВОДИ ҒИЗОӢ ҚИМАТ АСТ

Август 27, 2009 16:06

                Бадахшон, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Гарчанде имрӯз дар бозорҳои вилоят камчинии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ эҳсос намегардад, аммо нархи он ҳамоно баланд аст. Ба қавли тоҷирон сабаби қиматии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар он аст, ки қисмати бештари он аз навоҳии дигари ҷумҳурӣ вориди бозор мегардад. Воридшавии маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ночиз аст.                Коршиносон бар он ақидаанд, ки маҳсулоти кишоварзони вилоят то ҳадде вориди бозорҳои Бадахшон мегардад, аммо яке аз сабабҳои асосии баланд будани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар он аст, ки дар бозорҳо теъдоди зиёди миёнаравон фаъолият доранд. Онҳо дар бозорҳо ҷойҳои беҳтаринро ишғол намуда, маҳсулотро аз деҳқонон бо нархи арзон харидорӣ намуда, ба он нархи иловагии дандоншиканро зам карда, мегӯянд, ки ин маҳсулотро аз вилояти Хатлон овардаанд.

Август 27, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд