МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН КАЙ ФАРО МЕРАСАД?

Август 7, 2009 14:03

                    Душанбе, 7 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Моҳи шарифи Рамазон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбеи 22 август фаро мерасад. Тибқи иттилоъи муовини Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Маъруф Раҳимов дар ин хусус дар маҷлиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ қарор қабул шуд. Маъруф Раҳимов гуфт, ки фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз ҷониби ходимони дин аз рӯи ҳисоби иҳҷазабуд муайян карда шудааст. Мумкин аст моҳи мубораки Рамазон дар бархе аз кишварҳо, ба мисли Русия ва Туркия 21 август оғоз ёбад.                     Алҳол, дар Маркази исломии Тоҷикистон омодагиҳо ба ин моҳи муборак идома дошта, тақвими моҳи шарифи Рамазон дар ҳоли таҳия аст, ки тибқи он субҳидам, баргузории ифтор, вақти гузоштани намозҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар муайян карда мешаванд. Ҳамчунин, нақша-чорабиниҳо вобаста ба моҳи мубораки Рамазон таҳррезӣ мегардад, ки тибқи он дар масҷидҳо хатми Қуръони карим гузаронида шуда, тавассути телевизион ва радио имом хатибон дар мавриди фазилатҳои неки моҳи Рамазон баромад мекунанд.                      Воқеан, моҳи Рамазон моҳи шариф ва муборак аст. Зеро дар ин моҳ аз сӯи Худованд китоби осмонӣ- Қуръони карим ба сӯи бандагон нозил гардид. Дар баробари рӯза доштан дар ин моҳ инсонҳо бояд қалбҳои худро аз кинаву қудурат, ғайбат ва дигар хислатҳои номатлуб пок сохта, меҳрубонию ҳурмату эҳтиромро дар мадди аввал гузоранд ва дар фазои салоҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва осоишта рӯза гиранд. Ғамхорӣ ва дасти кӯмак дароз намудан аз ҷониби шахсони доро ва сарватманд ба мӯҳтоҷону ятимон ва оилаҳои камбизоат яке аз фазилатҳои наҷиби ин моҳ ба шумор меравад. Умед аст, ки моҳи мубораки Рамазон барои мардуми тоҷик моҳи мустаҷобгардидани ормонҳои миллӣ ва сарсабзию шукуфоии сарзамини Тоҷикистон мегардад.

Август 7, 2009 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд