МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ БЕХАТАРИИ САРБАНДҲОИ ОБ

Август 25, 2009 15:11

               Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 27 август дар шаҳри Алмаато таҳти васояти Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ мулоқоти гурӯҳи корӣ дар масъалаи таҳияи созишномаи минтақавӣ дар доираи барномаи «Мусоидат ба рушди ҳамкорӣ дар масъалаи таъмини бехатарии бандҳои об дар Осиёи Марказӣ» кушода мешавад.               Аз Тоҷикистон дар он намояндагону мутахассисони Академияи илмҳо ва вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ширкат меварзанд.              Коршиносон роҳу усулҳои таъмини амният ва бехатарии истифодаи бештар аз 300 сарбанди калон ва иншоотҳои дигари танзими маҷрои оби минтақаро муҳокима хоҳанд кард. Дар Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Ӯзбекистон дар ягон мамлакати дигар заминаи соҳавӣ ва қонунии танзими бехатарии бандҳои об вуҷуд надорад. Инчунин тартиби муайяни огоҳ кардани мамлакатҳои дигар дар бобати рух додани фалокатҳои имконпазир дар обанборҳо муқаррар карда нашудааст.               Дар робита пешниҳод карда мешавад, ки мамлакатҳои минтақа ҳар чи зудтар санадҳои миллии меъёрию ҳуқуқии таъмини амнияти обанборҳо ва банди оби онҳоро бо мақсади таъмини бехатарии минтақа ва густариши ҳамкории минтақавӣ таҳия намоянд.  

Август 25, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд