МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН
Маскав, 24 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Мувофиқи барномаи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон аз 29 то 30 сентябр дар Маскав конфронс бахшида ба тадбирҳои мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон гузаронида мешавад. Дар он намояндагони мақомоти муҳофизи қонун, мақомоти дигари манфиатдори давлатҳои ИДМ, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзанд. Ба маҷлис ҳамчунин намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ, Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералӣ, Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои сарҳадбон, Шӯрои роҳбарони муассисаҳои гумрук, бюрои ҳамоҳанг сохтани мубориза ба муқобили ҷиноят, Комиссияи Аврупо, раёсатҳои СММ ва ғайра даъват шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






