МУЛОҚОТ ДАР АРАФАИ КУШОДАШАВИИ НАМОИШГОҲ

Август 4, 2009 10:46

                 Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид 3 август дар арафаи кушодашавии намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Афғонистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати ин мамлакат Қурбон Муҳаммади Ҳақҷӯ мулоқот кард.                 Зимни сӯҳбат масъалаҳои густариши ҳамкорӣ, тайёрӣ ба ифтитоҳи намоишгоҳи байналхалқии «Рушди иқтисодиёти Афғонистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки имрӯз дар Душанбе кушода мешавад.                  Шариф Саид изҳор намуд, ки ба шарофати сохтмони кӯпрукҳо дар болои дарёи Панҷ ва кушодани роҳҳои ҳавоӣ дар байни Тоҷикистону Афғонистон хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду мамлакат сол то сол меафзояд. Қайд карда шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди зиёди корхонаҳои муштараки ҳар ду кишвар фаъолият доранд.                 Қурбон Муҳаммади Ҳақҷӯ ба Шариф Саид дар бораи рафти тайёрӣ ба кушодашавии намоишгоҳ, фаъолияти он ва корхонаҳое маълумот дод, ки дар намоишгоҳ ширкат меварзанд.  

Август 4, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд