МУЛОҚОТ ДАР АРАФАИ КУШОДАШАВИИ НАМОИШГОҲ
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид 3 август дар арафаи кушодашавии намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Афғонистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати ин мамлакат Қурбон Муҳаммади Ҳақҷӯ мулоқот кард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои густариши ҳамкорӣ, тайёрӣ ба ифтитоҳи намоишгоҳи байналхалқии «Рушди иқтисодиёти Афғонистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки имрӯз дар Душанбе кушода мешавад. Шариф Саид изҳор намуд, ки ба шарофати сохтмони кӯпрукҳо дар болои дарёи Панҷ ва кушодани роҳҳои ҳавоӣ дар байни Тоҷикистону Афғонистон хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду мамлакат сол то сол меафзояд. Қайд карда шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди зиёди корхонаҳои муштараки ҳар ду кишвар фаъолият доранд. Қурбон Муҳаммади Ҳақҷӯ ба Шариф Саид дар бораи рафти тайёрӣ ба кушодашавии намоишгоҳ, фаъолияти он ва корхонаҳое маълумот дод, ки дар намоишгоҳ ширкат меварзанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






