МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Август 3, 2009 10:21

                     Чолпонато, 3 август. (АМИТ «Ховар» — bnews. кz.). — 31 июл дар соҳили Иссиқкӯл мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он президентҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Мулоқоти онҳо баъди интихоботи президенти Қирғизистон баргузор гардид, бинобар ин иштирокчиёни мулоқот Қ.Боқиевро ба муносибати такроран президенти мамлакат интихоб гардиданаш табрик намуданд.Баъд сарони давлатҳо маърӯзаи Муншии умумии СААД Николай Бордюжаро дар бораи тадбирҳои ташкили сиёсати ҳамоҳанги иттилоотии давлатҳои аъзои созмон ва ба роҳ андохтани фаъолияти қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ шунида мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо сипас дар бораи ташкили Маркази технологияи иттилоотии тайёр намудани мутахассисони соҳаи амният дар Русия қарор қабул карданд.                     Пешниҳод шуд, ки дар соҳили Иссиқкӯл Маркази варзишию солимгардонии ҷавонони мамлакатҳои аъзои СААД бунёд карда шавад. Дар ин ҷо ҳар сол ҷамъомади байналхалқии намояндагони созмонҳои варзишию низомӣ ва ватандӯстии давлатҳои аъзои созмон баргузор мегардад.                       Иштирокчиёни мулоқот инчунин проблемаҳои минтақавию байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳашонро баррасӣ намуданд.  

Август 3, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд