МУЛОҚОТИ БИЛЛ КЛИНТОН БО КИМ ЧЕН ИР
Пхенян, 5 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру. ). — Президенти собиқи ИМА Билл Клинтон 4 август ғайричашмдошт ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё сафар карда, дар Пхенян бо роҳбари ин мамлакат Ким Чен Ир мулоқот кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Б.Клинтон барои муҳокимаи имконияти аз ҳабс озод кардани ду журналисти амрикоӣ ба ҶХДК рафтааст. Хабар дода мешавад, ки ду журналисти амрикоӣ Лора Лин ва Юна Ли 17 марти соли равон дар сарҳади ҶХДК ва Чин дастгир шуда буданд. Мақомоти Пхенян даъво доранд, ки онҳо ғайриқонунӣ ба қаламрави мамлакат дохил гардидаанд. Журналистон мехостанд, дар ҶХДК барои тайёр кардани барномаи телевизионӣ навор бардоранд. Суди марказии ҶХДК моҳи июн ҳар ду журналистро гунаҳкор дониста ба мӯҳлати 12 сол барои корҳои ислоҳотӣ маҳкум намуд. Мурофиаи судии журналистон паси дарҳои баста гузашт. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Куриёи Шимолӣ аз болои ҳукми Суди марказӣ шикоят кардан мумкин нест. Ба қавли коршиносон, Пхенян ният дорад, ки журналистонро барои ба роҳ мондани муносибатҳояш бо Вашинтон истифода баранд. Бояд гуфт, ки ИМА бо ҶХДК муносибатҳои дипломатӣ надорад. Барои ҳалли масъалаҳои дипломатии ИМА ва ҶХДК Шветсия миёнаравӣ мекунад.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






