МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД ОДИЛ ИБРОҲИМ

Август 5, 2009 10:11

                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вазирон ва соҳибкорони бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки таҳти сарварии Вазири маъданҳои ин кишвар Муҳаммад Одил Иброҳим ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.                   Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.                   Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва ба амалӣ намудани мувофиқаҳое зоҳир гардид, ки ҳафтаи гузашта дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва дар мулоқоти чорҷонибаи онҳо бо ҳамроҳшавии Президенти Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе, ҳосил шуданд.                     Аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон, ки натиҷаи возеҳи роҳкушоиҳои миёни ду кишвар аст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Намоиши имрӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Афғонистон дар шаҳри Душанбе қадами навбатӣ ва таконбахши робитаҳои тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя маънидод гардид.Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои стратегии дорои аҳамияти минтақавӣ доир ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талош менамоянд, то ба афзоиши қобилияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва транзитии ду кишвар дастёб гарданд.                     Масоили вобаста ба густариши ҳамкории фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат буд.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 5, 2009 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд