МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

Август 25, 2009 10:39

                  Рига , 25 август. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). — Аз дафтари матбуоти Президенти Латвия Валдис Затлерс хабар доданд, ки сардори давлат имрӯз бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муборизони зидди Олмони фашистӣ мулоқот хоҳад кард. Бояд гуфт, ки то имрӯз ягон роҳбари воломақоми Латвия бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муборизони зидди фашистӣ мулоқот накардааст.                  Хабар дода мешавад, ки дар мулоқот ветеранҳои корпуси 130 — уми тирандозони савора ва партизанҳо ширкат меварзанд. Корпуси мазкур дар Латвия соли 1944 ташкил ёфта буд. Ба он генерал — лейтенант Детлав Бранткалн роҳбарӣ мекард. Аскарону афсарони корпус дар муҳорибаҳои озод намудани Рига аз ишғолгарони фашистӣ ширкат варзиданд.                  Президенти Латвия моҳи июн бо намояндагони созмонҳои партизании мамлакат мулоқот карда буд, ки дар таърихи ҶБВ бо номи «бародарони ҷангалӣ» машҳуранд. Онҳо соли 1944 баъди Латвияро тарк намудани фашистон ба ҷангалҳо рафта, дар давоми чандин сол ба муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ мубориза бурданд. Аввали солҳои 50 — ум дастаҳои мусаллаҳи «бародарони ҷангалӣ» пурра торумор карда шуданд.

Август 25, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд