МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУТТАСИЛ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Август 6, 2009 16:36

                     Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси нахустини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон дар маҷлис таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Қодирбек Сорбоев иштирок намуд.                      Зимни маҷлис масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақа муҳокима шуданд.                    Дар фарҷоми он Протоколи маҷлиси нахустини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон, барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар дар давраи солҳои 2009 — 2010, Протоколи мубодилаи тасвибномаҳои созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва Пртоколи мубодилаи тасвибномаҳои Созишномаи тартиботи рафту омад ва ҳамкории кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот ва мақомоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди кишварҳои ҳамдигар имзо карда шуданд.                      Баъди маросими имзои ҳуҷҷатҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки мулоқоти мазкур дар доираи паймони сарони ҳар ду давлат баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, илму фарҳанг ва ҳамкории гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Ҳ.Зарифӣ афзуд, ки муносибатҳои ҳар ду мамлакат тӯли солҳои охир муттасил густариш меёбанд.                     Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Қодирбек Сорбоев зикр кард, ки мулоқоти имрӯза ба густариши муносибатҳои дуҷониба нерӯи тоза мебахшад. Тоҷикистон ва Қирғизистон барои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум имкониятҳои калон доранд, гуфт вай.

Август 6, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд