МУНШИИ НАВИ УМУМИИ НАТО ИНТИХОБ ШУД

Август 4, 2009 09:35

                    Брюссел, 4 август. (АМИТ «Ховар» Лента.Ру). — Собиқ сарвазири Дания Андерс Фог Расмуссен 1 август ба иҷрои вазифаҳояш ҳамчун муншии умумии НАТО шурӯъ намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки вай моҳи апрели соли равон дар маҷлиси идонаи Созмони ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ муншии умумӣ интихоб шуда буд. А.Ф.Расмуссен дар ин вазифа Яап де Хооп Схефферро иваз намуд. Мавсуф қабл аз ин дар давоми 7 сол сарвазири Дания буд.                    Дар байни мамлакатҳои аъзои НАТО танҳо Туркия ба муқобили муншии умумӣ интихоб гардидани Расмуссен овоз дод. Зеро А.Ф.Расмуссен соли 2006 дар ҷараёни муноқишаи чопи аксҳои ҳаҷвии пайғамбари мусулмонон Муҳаммад дар матбуоти Дания мавқеи ин нашрияҳоро ҷонибдорӣ карда буд. Вале баъдан Анқара баъди дахолати Президенти ИМА Барак Обама ба тарафдории муншии умумӣ интихоб гардидани А.Ф.Расмуссен овоз дод.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мунши нави умумии НАТО 3 июл дар Брюссел нишасти нахустини матбуотӣ ташкил намуд. Вай ваъда дод, ки теъдоди низомиёни созмонро дар Косово кам карда, ё онҳоро аз ин минтақа тамоман хориҷ созад. Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Косово қариб 14 ҳазор хизматчии ҳарбии НАТО ҷой дода шудааст.                     Муншии нави умумии НАТО СММ ва Иттиҳоди Аврупоро даъват намуд, ки дар амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон фаъолонатар саҳм гузошта, ба барқарор сохтани иқтисодиёти ин мамлакат ва ба эътидол овардани вазъияти он мусоидат кунанд. Айни ҳол дар Афғонистон 64 ҳазор хизматчии ҳарбии хориҷӣ ҷой дода шудааст, ки бештар аз нисфи он низомиёни амрикоӣ мебошанд.                    Андерс Фог Расмуссен зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки НАТО ва Русия дар ҳалли бисёр проблемаҳои замони ҳозира ҳамкорӣ карда метавонанд. Ин проблемаҳо мубориза ба муқобили ифротгароӣ, ҳалли проблемаҳои Афғонистон, халъи силоҳ ва паҳн накардани технологияи ядроӣ мебошанд.                    А.Ф.Расмуссен дар бораи Гурҷистону Украина сухан ронда, зикр намуд, ки ин мамлакатҳо ба тарафи Ғарб майл дошта бошанд ҳам ҳанӯз барои қабул ба узвияти НАТО тайёр нестанд. Зеро онҳо то ҳол ӯҳдадориҳои базиммагирифтаашонро иҷро накардаанд.  

Август 4, 2009 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд