МУСОБИҚА АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).- Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди теннисбозон барои ба даст овардани ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид. Дар мусобиқа теннисбозони машҳури Тоҷикистон, инчунин варзишгарони Ӯзбекистон низ иштирок намуданд. Дар қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқа, ки 19 август баргузор гардид, варзишгари тоҷик: Мирҳусейн Яҳёев ва Анвар Раҳматов, дар байни занон намояндагони Ӯзбекистон Виктория Карменова ва Арина Фолц қувва озмуданд. Дар натиҷа дар байни мардҳо Мирҳусейн Яҳёев ва аз байни занҳо Виктория Карменова ғалабаро ба даст оварданд. Дар мусобиқаи дукаса дар байни мардҳо Аҳмадҷони Муҳаммад ва Бахтиёр Сайдуллоев, дар байни занҳо ҷуфти Виктория Карменова ва Арина Фолц ғолиб омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






