МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ВАРЗИШГАРОНИ МАЪЮБ

Август 6, 2009 13:21

                Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз 8 то 9 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ байни варзишгарони маъюб баргузор мегардад.                 Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони маъюби ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.                Мусобиқа аз руи ду вазн байни занҳо 60 ва аз 60 кг боло ва 4 вазн байни мардҳо 60, 75, 80 ва аз 80 боло ширкат меварзанд.                Дар охир ба ғолибони мусобиқа диплому медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ тақдим карда мешаванд.

Август 6, 2009 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд