МУСОБИҚАИ КУШОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ТЕННИС
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 19 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба теннис баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, ин мусобиқа бо мақсади ташвиқи теннис байни наврасону ҷавонон дар асоси тақвими чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, барои дарёфти ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ гузаронида мешавад. Дар мусобиқа иштироки варзишгарони ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






