МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК БА ЯПОНИЯ РАФТАНД
Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Се нафар мутахассисони тоҷик, ки кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мебошанд, барои таҳсили дусола дар риштаи магистратураи донишгоҳҳои Япония ба ин кишвар сафар карданд. Таҳсили кормандони вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония дар доираи Созишномаи грантии байни Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои тайёр кардани кадрҳо (JDS) аз рӯи барномаи ёрии бебозгашти Ҳукумати Япония имзо шудааст, ҷараён мегирад.Мутахассисони тоҷик муддати ду сол аз рӯи барномаҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва таъсиси системаҳои соҳавии барои гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ва рушди иқтисодиёт дар Донишгоҳи байналмилалии Япония ва Донишгоҳи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси ороми Ритсумейкан таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






