МУВАФФАҚИЯТИ ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Аз 9 то 22 июли соли равон дар шаҳри Бремени ҶФО олимпиадаи 50 — уми байналхалқии математикҳои наврас баргузор гардид. Талабагони тоҷик Инъомҷон Мирзоев ва Комрон Ғиёсов аз Литсеи муштараки Тоҷикистону Туркия ва Муҳаммадҷон Шоев аз гимназия — интернати Тоҷикистону Русия дар олимпиадаи мазкур иштирок намуда, як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Олимпиадаи байналхалқии математикҳои наврас аз соли 1959 гузаронида мешавад. Дар он талабагони мактабҳои миёнаи то синни 20 — сола иштирок карда метавонанд. Ба ҳайати доварони олимпиада намояндагони мамлакатҳои иштирокчии он шомил мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Олимпиадаи ояндаи байналхалқии математикҳои наврас моҳи июли соли 2010 дар пойтахти Қазоқистон баргузор мегардад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






