НАМОИШГОҲИ «РУШДИ ИҚТИСОДИИ АФҒОНИСТОН»
Душанбе. 3 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 4 августи соли равон дар Маҷмааи Давлатии «Кохи Борбад» маросими муаррифии Намоишгоҳи «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор мешавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи нахустини Афғонистон зиёда аз 120 ширкат бо ҳайати ҳудуди 300 намояндагон ширкат хоҳанд варзид. Бояд қайд кард, ки солҳои охир муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 2,5 маротиба афзудааст. Ҳамчунин, дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои намоишгоҳ вохӯриву гуфтушуниди соҳибкорону сармоягузорон баргузор хоҳад шуд. Дар намоишгоҳи мазкур қолинҳо, маҳсулоти мавриди истифодаи умум ва маҳсулоти кишоварзии ширкатҳои шаҳри Кобул, вилоятҳои Балх, Қундуз, Қандаҳор, Ҳирот, Ҷалолобод ва Бомиён пешкаши мардуми Тоҷикистон мегарданд. Бояд зикр намуд, ки ин Намоишгоҳ бо ташаббуси Палатаҳои савдову саноати ҳар ду кишвар, Агентии сармоягузории Афғонистон ва мусоидати ҳукуматҳои ҳар ду давлат созмон дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






