НАМОИШИ КИТОБ БА ШАРАФИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба муносибати 18 — солагии иди истиқлолияти Ӯзбекистон ва 2200 солагии пойтахти он — шаҳри Тошканд намоишгоҳи калони китоб кушода шуд. Дар он бештар аз 300 ҷилд китоб, дастнависҳои қадима, аксҳо, қартаҳои аудио ва видео ва ғайра намоиш дода мешаванд. Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов зимни суханрониаш дар бораи дӯстии деринаи халқҳо ва миллатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан ронд. Қайд карда шуд, ки дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат сол то сол густариш меёбанд. Шоири маъруфи ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол афзуд, ки тоҷикон ва ӯзбекҳо миллатҳое мебошанд, ки умумияти ягонаи қавмӣ ва нажодӣ доранд. Мо бояд ба қадри дӯстии халқҳоямон расем ва онро ба наслҳои оянда мерос гузорем, гуфт шоир.Директори Китобхонаи миллии ба номи А.Фирдавсӣ Ш.Тошев изҳор намуд, ки китобҳои намоишгоҳ ба забонҳои гуногун таълиф шуда бошанд ҳам, дар бораи таърих ва дастовардҳои иқтисодии Ӯзбекистони имрӯза нақл мекунанд. Имрӯз дар ганҷинаи китобхона китобҳои ба забонҳои ӯзбекӣ чопшуда хеле зиёданд. Дар байни онҳо асарҳои нависандагони классики тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Фурқат, Абӯалӣ ибни Сино, Машраб ва дигарон ҳастанд. Бештар аз 1600 нафар хонандаи китобхонаро намояндагони ӯзбекзабон ташкил медиҳанд, гуфт Ш.Тошев. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






