НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН МУОВИНИ РАИСИ «АССОСИАТСИЯИ ЖУРНАЛИСТОНИ МИЛЛӢ» — И РУСИЯ ИНТИ
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). -Дар шаҳри Маскав маҷлиси кормандони нашрияҳои миллӣ ва воситаҳои ахбори оммавии электронӣ баргузор гардид. Дар он қарор дода шуд, ки дар шаҳри Маскав «Ассосиатсияи журналистони миллӣ» ташкил дода шавад. Намояндаи Тоҷикистон, раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов муовини раиси ассосиатсияи мазкур интихоб шуд. А.Давлатов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки ҳадафҳои асосии ассотсиатсия дастгирӣ ва муҳайё сохтани шароит ба фаъолияти самарабахш ва рушди устувори нашрияҳои миллӣ ва такмили маҳорати хабарнигорон, ҳамкорӣ бо рӯзномаю маҷалла, радиою телевизион ва воситаҳои дигари ахбори оммавии Русия бо мақсади бештар сохтани таваҷҷӯҳи ҷомеа ба проблемаҳои миллӣ, инъикоси воқеии ҳаёти коргарони муҳоҷир ва ғайра мебошанд. Ассосиатсияи журналистони миллӣ ният дорад, ки барои ҳалли проблемаҳои коргарони муҳоҷир ва беҳтар сохтани шароити кори онҳо дар Русия семинарҳо, машваратҳо, мулоқотҳо ва ғайра ташкил намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






