НАРХИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКА ДАР ПОЙТАХТ ТО 10-30 % АРЗОН МЕГАРДАД

Август 24, 2009 15:48

                  24 август, Душанбе.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нархи маҳсулоти хӯрока дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст дар бозорҳои пойтахт аз 10 то 30 фоиз арзон мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини соҳаҳои гуногуни бахши иқтисоду савдои пойтахтро дар машварати 22 август баргузоршуда, вазифадор намуд. М. Убайдуллоев гуфт, ки ин тадбир бо мақсади фаровонии дастурхони аҳолӣ дар моҳи мубораки Рамазон равона шуда, ҷиҳати амалӣ сохтани он имкониятҳои воқеӣ мавҷуд аст.                  Муқаррар карда шуд, ки дар ин давра ба таври ҳатмӣ арзиши маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ 15 % ва маҳсулоти ғизоии воридотӣ бошад 10 фоиз паст карда шавад. Масалан, дар бозорҳои шаҳр арзиши гӯшти гов 16 ва гӯшти гӯсфанд 18 сомонӣ муайян шуда буданд. Акнун дар давоми моҳи Рамазон нархи гӯшту гову гӯсфанд 10 % фоиз арзон мешаванд. Ҳамчунин, нархи орд, шакар, биринҷ, равғани пахта, тухм ва дигар намуди маҳсулот низ вобаста ба истеҳсоли худӣ ё воридотӣ буданаш 10-15 фоиз арзон мешавад. Онҳое, ки имкони бештар доранд, метавонанд нархи маҳсулотро боз ҳам арзонтар намоянд, афзуд Раиси шаҳр.                  Маҳмадсаид Убайдуллоев сохторҳои назоратиро вазифадор намуд, ки иҷрои саривақтии ин дастурро дар бозорҳои пойтахт таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.                  Раиси шаҳр таъкид намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ масъулини беҳтарин бозор аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ қадршиносӣ хоҳад шуд. Дар ин хусус котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.  

Август 24, 2009 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд