НАШРИЯИ НАВ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Август 31, 2009 14:32

                   Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар арафаи Соли нави таҳсил 31 август барои ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик ҳафтаномаи махсус бо номи «Студент. tj» аз чоп баромад. Муассиси нашрияи мазкур ҶММ «Чархи гардун» мебошад. Директори генералии ҶММ «Чархи гардун» Акбаралӣ Саттор ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки «Студент. tj» ҳар ҳафта як маротиба, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва теъдоди зиёд нашр мегардад. Дар ҳафтанома бештар мавзӯъҳои зиндагӣ ва таҳсили донишҷӯён, таҳсили онҳо дар хориҷи кишвар мавриди баҳс қарор дода мешавад. Барои ҳавасмандгардонии толибилмон ҳайати мушовараи нашрия ният дорад, ки дар саҳифаҳои худ озмунҳои гуногун эълон намояд.                   Акбаралӣ Саттор зикр кард, ки ояндаи наздик махсус барои санъаткорон низ нашрияи алоҳида ташкил карда хоҳад шуд.

Август 31, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд