НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИ МОЛДАВИЯ
Кишинёв, 5 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру.). — Комиссияи марказии интихоботи Молдавия 4 август натиҷаҳои интихоботи парлумони мамлакатро ҷамъбаст намуд, ки 29 июл баргузор гардида буд. Акнун натиҷаҳои интихобот барои тасдиқ ба Суди конститутсионӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар интихобот 5 ҳизби сиёсӣ — ҳизбҳои коммунист, либералию демократӣ, либералӣ, демократӣ ва Иттиҳоди «Наша Молдавия» ширкат варзиданд. Хабар дода мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои интихобот ҳизби коммунист ба 44,7 фоизи овози интихобкунандагон, ҳизби либералию демократӣ ба 16, 5 фоиз, ҳизби либералӣ ба 14,6 фоиз, ҳизби демократӣ ба 12,5 фоиз ва Иттиҳоди «Наша Молдавия» ба 7,3 фоизи овози интихобкунандагон соҳиб гардиданд. Се ҳизби дигар ба натиҷаҳои ночиз ноил гардиданд ва аз монеаи 5 фоиза гузашта натавонистанд. Акнун ҳизби коммунист аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар парлумони мамлакат соҳиби 48 ҷой, ҳизби либералию демократӣ соҳиби 18 ҷой, ҳизби либералӣ соҳиби 15 ҷой, ҳизби демократӣ соҳиби 13 ҷой ва иттиҳоди «Наша Молдавия» соҳиби 7 ҷой мегарданд. Ҳизбҳои мухолиф дар мавриди муттаҳид гардиданашон дар парлумон соҳиби 53 ҷой хоҳанд гашт. Онҳо дар ин маврид раиси парлумон ва мақомоти роҳбарикунандаи онро интихоб карда, ҳукумати мамлакатро ташкил хоҳанд кард. Дар ин ҳолат ҳатман розигии намояндагони ҳизби коммунист талаб карда мешавад. Суди конститутсионӣ бояд натиҷаҳои интихоботро дар давоми 10 рӯз ҷамъбаст намуда, хулосаи Комиссияи марказии интихоботро тасдиқ намояд. Танҳо дар ҳамин маврид ваколати вакилони ба тозагӣ интихобшуда қонунӣ дониста мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






