О. ОҚИЛОВ АЗ РАФТИ КОР ДАР САРИҚАМИШ ШИНОС ШУД
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов дар майдони Сариқамиш бо рафти гузаронидани корҳои топографию сейсмикӣ ва шароити буду боши коргарон шинос шуд. Айни замон дар ин ҷо зиёда аз 100 нафар ба кор машғул мебошанд, ки 65 фоизашонро аҳолии таҳҷоӣ дар бар мегиранд. Дар мавриди дигар конҳои гази табии пешбинишуда аз ҷумла майдони Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ҳамин нуқтаро таъкид кардан ба маврид аст ,ки дар асоси мувофиқаҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев бояд дар давоми ду се сол Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Газпроми Россия дар Тоҷикистон кони газ кушода мавриди истифода қарор диҳад. Дар айни замон бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои иктишофӣ — геологӣ дар майдонҳои ояндадори нафту гази «Саргазон»-и ноҳияи Данғара, «Рангон»-и ноҳияи Рўдакӣ, «Шоҳамбарии ғарбӣ»-и ноҳияи Ҳисор ва «Сариқамиш»-и ноҳияи Шаҳринав ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Газпроми Россия иҷозатнома дода шудааст ва корҳо дар ин самт муташаккилона идома доранд. Дар майдони Сариқамиш тибқи нақша моҳи декабри соли равон корҳои пармакунии чоҳи шашҳазор метра оғоз мегардад. Воридоти дастгоҳҳои пармакунӣ ба иншооти мазкур дар давоми моҳҳои август октябри соли равон дар назар дошта шудааст. То имрўз аз ҷониби ҷамъияти Газпроми Россия барои ҷустўҷў, кашф ва кушодани конҳои газ дар қаламрави Тоҷикистон 14 қатора техника ва таҷҳизоти махсус ворид карда шудааст ва дар назар аст, ки дар оянда боз 420 қатора таҷҳизоту техникаи зарурӣ ворид карда мешавад. Дар маҷмўъ иҷроиши корҳои ҷустўҷӯи ва кашфи конҳои нафту гази табииро дар Тоҷикистон бо супоришии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Газпром»-и Федератсияи Россия Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Зарубежнефтегаз» ба ўҳда дорад.