«ОШИ НАҲОР» ЧАНД СОАТ ИДОМА МЕЁБАД?
Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вақти баргузории маъракаи оши наҳор дар пойтахт бетағйир монда, чун вақтҳои пешин 3 соат идома меёбад. Аз се соат ба якуним соат муайян кардани ин маърака чанде пеш аз ҷониби сардори Раёсати анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов пешниҳод гардида буд. Тибқи иттилои котиби матбуоти Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ин масъала бо назардошти хулосаи прокуратураи шаҳри Душанбе бетағйир монд. Зеро пешниҳоди сардори раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат А.Холиқов ба талаботи қонунгузории амалкунанда мухолифат намуда, қобили қабул нест. Муқаррароти қонуни марбутаи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе чун дар тамоми кишвар бетағйир монда, вақти баргузории маъракаи оши наҳор се соат боқӣ мемонад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






