«ОШИ НАҲОР» ЧАНД СОАТ ИДОМА МЕЁБАД?

Август 3, 2009 10:49

               Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вақти баргузории маъракаи оши наҳор дар пойтахт бетағйир монда, чун вақтҳои пешин 3 соат идома меёбад. Аз се соат ба якуним соат муайян кардани ин маърака чанде пеш аз ҷониби сардори Раёсати анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов пешниҳод гардида буд.                Тибқи иттилои котиби матбуоти Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ин масъала бо назардошти хулосаи прокуратураи шаҳри Душанбе бетағйир монд. Зеро пешниҳоди сардори раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат А.Холиқов ба талаботи қонунгузории амалкунанда мухолифат намуда, қобили қабул нест. Муқаррароти қонуни марбутаи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе чун дар тамоми кишвар бетағйир монда, вақти баргузории маъракаи оши наҳор се соат боқӣ мемонад.

Август 3, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!