ОЗМУНИ НАЪТХОНОН
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар толори асосии чойхонаи «Саодат»-и пойтахт 4 рӯз боз озмуни ҷумҳуриявии наътхонон давом дорад. Дар озмун 22 нафар наътхони зӯртарини минтақаҳои гуногуни мамлакат иштирок доранд. Қайд кардан зарур аст, ки чунин озмун дар ҷумҳурӣ аввалин маротиба баргузор мегардад. Дар озмун мардҳои синну соли гуногун иштирок доранд. Озмун бо дастгирии вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Шартҳои асосии озмун бо либоси миллӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ хондани наът аст. Чунин наътҳо хусусияти динӣ дошта, одатан ба пайғамбар Муҳаммад ва ходимони машҳури динӣ бахшида мешаванд. Натиҷаҳои озмун имрӯз, 6 август муайян мегардад. Ташкилкунандагони озмун ҳамаи иштирокчиёнро бо дипломҳои махсус ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегардонанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






