ПӯЛОД ТОЛИС 80-СОЛА ШУД
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Имрӯз, 24 август нависандаи машҳури тоҷик Пӯлод Толис 80-сола мешавад. Бахшида ба ин сана моҳи октябр дар зодгоҳи ӯ шаҳри Хуҷанд чорабинии калони фарҳангӣ баргузор хоҳад гардид. Муовини аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Душанбе низ гузаронидани шаби эчодӣ, бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Пӯлод Толис дар назар аст. Пӯлод Толис муаллифи як қатор китобҳо аз қабили «Чароғҳо», «Дар», «Тобистон» мебошад, ки ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд. Ҳамчунин худи нависанда тарҷумони боистеъдод ба ҳисоб рафта, повестҳо ва ҳикояҳои Горкий, Толстой, Чехов ва Герсенро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Очерки ӯ «Имтиҳони аввалин» яке аз очеркҳое мебошад, ки дар адабиёти тоҷик ба марҳаллаи нави вокеанигорй асос гузоштааст. Пӯлод Толис моҳи сентябри соли 1961 дар синни 32-солагӣ аз олам гузаштааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






