ПЕШГИРИИ ПАҲН ГАРДИДАНИ ТАБЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мувофиқи фармони вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Маркази ҷумҳуриявии мубориза ба муқобили табларза дар саросари мамлакат пошидани дору барои нобуд сохтани пашшаҳо ва хомӯшакҳо, ки паҳнкунандагони бемории табларза мебошанд, дар дохили ҳавлиҳо давом дорад. Дору ба муқобили ҳашароти паҳнкунандаи бемориҳо дар 23 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон пошида хоҳад шуд. Маъракаи дорупошӣ то 30 сентябр давом мекунад. Дар баробари ин дар байни хоҷагиҳо ва сокинони мамлакат зочаҳои моҳии махсус тақсим карда мешавад, ки дар ҳавзаҳои сунъии об ва шолизор инкишоф ёфта, тухми пашша ва хомӯшакҳоро хӯрда нобуд месозанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






