ПЕШНИҲОДИ РУСИЯ БА СММ
Маскав, 27 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Федератсияи Русия ба унвони муншии умумии СММ муроҷиатнома фиристода, хоҳиш намуд, ки ба рӯзномаи иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли СММ масъалаи таҷлили ботантанаи 65 — солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дохил карда шавад. Ин хоҳиши Русияро Ӯзбекистон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгирӣ намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муроҷиатномаи Русия ҳамчун ҳуҷҷати расмии Маҷмаи кулли СММ пахш карда шуд. Дар шарҳи муроҷиатнома гуфта мешавад, ки кӯшишҳои ба таври ҳамеша наҷот додани инсоният аз хавфи ҷанг сабаби асосии ташкили Созмони Миллали Муттаҳид гардид. Бинобар ин имрӯз ба назар гирифтани натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, поси хотири миллионҳо нафар қурбониён ва мусоидат ба ҳифзи таърихи халқҳо аҳамияти калон дорад. Бузургдошти ғалаба дар ҷанг бар фашизм аз он ҷиҳат ҳам муҳим аст, ки айни ҳол кӯшишҳои таҳрифи таърих ва тафтиши натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва мурофиаи Нюрнберг торафт бештар мушоҳида карда мешавад, гуфта шудааст дар муроҷиатнома.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






