ПИРӮЗИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ БИШКЕК
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Варзишгарони тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад ва Бахтиёр Саъдуллоев дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду медали биринҷиро ба даст оварданд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) баргузор шуд, 64 нафар писарон ва 64 нафар духтарони то 18-сола аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ширкат варзиданд. Аҳмадҷони Муҳаммад дар рақобатҳои инфиродӣ дар бозии ҳалкунанда бар намояндаи Русия Денис Столяров дар ду даст бозӣ бо ҳисоби якхелаи 6:4, 6:4 пирӯз шуда, мақоми севвумро касб намуд. Бахтиёр Саъдуллоев бошад, байни 64 нафар дар ҷои 9-ум қарор гирифт. Инчунин теннисбозони тоҷик дар сабқати дунафарӣ то ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, барои ҷои севвум бар теннисбозони Қазоқистон бо ҳисоби 7:5, 6:2 ғолиб шуданд. Тавре иттилоъ дода будем, беҳтарин теннисбозони тоҷик дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ, ки аз 15 то 19 август дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа иштироки теннисбозони Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар назар аст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






