ПРАТИБ ПАТИЛ ВА МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН

Август 27, 2009 09:07

                 Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон беш аз пеш густариш меёбанд. Далели ин сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратиб Девисинг Патил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 -8 сентябри соли 2009 ҷараён мегирад. Дар ин бора аз Сафорати Ҳиндустон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.                 Президенти Ҳиндустон хонум Пратиб Девисинг Патил зимни сафари расмии худ ба Тоҷикистон бо роҳбарияти олимақоми кишвар дидору мулоқот менамояд. Масъалаҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар дар маркази таваҷҷӯҳи Роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон қарор хоҳанд гирифт. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон як қатор Созишномаҳои муҳими байнидавлатӣ, бахусус дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо хоҳанд расид. Инчунин, дар Душанбе анҷумани бозаргонони Тоҷикистону Ҳиндустон бо иштироки доираҳои васеи соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар баргузор гардида, дар он вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар баррасӣ мегарданд.                 Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохт ва намояндагии дипломатии худро дар Душанбе ифтитоҳ кард.                   Хонум Пратиб Девисинг Патил дар таърихи 60-даҳсолаи Ҳиндустон нахустин зан- Президент мебошад. Пратиб Патил 72 сола буда, зодаи шаҳри Надгаони иёлоти Махараштраи Ҳиндустон аст. Дорои маълумоти ҳуқуқӣ мебошад. Аз сини 27-солагӣ қадам ба арсаи сиёсат гузоштааст. То ба синни 27-солагӣ Пратиб ҳатто маликаи ҳусн дар колледже, ки таҳсил мекард ба шумор мерафт. Пратиб ҳамчунин аз ҳизби конгресси миллии Ҳиндустон дар парлумони миллии Ҳиндустон вакил буд. Дар ҳукумати иёлоти Махараштра фаъолият намудааст ва доимо мавқеи сиёсии оилаи Неру Гандиро ҷонибдорӣ мекард.То интихоб гардиданаш ба мансаби Президенти Ҳиндустон мақоми волии иёлоти Махараштраро ба ӯҳда дошт. Дар масъалаҳои дастгирии иҷтимоӣ ва озодии занон фаъолияти пурсамар ва арзишманд намудааст. Модари ду фарзанд мебошад.

Август 27, 2009 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»