ПРЕЗИДЕНТИ ИНГУШИСТОН АЗ ШИФОХОНА ҶАВОБ ШУД

Август 11, 2009 16:36

                       Маскав, 11 август. (АМИТ «Ховар» — РБК. ру.). — Президенти Ҷумҳурии Ингушистон Юнусбек Евкуров, ки дар натиҷаи амали террористӣ охири моҳи июн маҷрӯҳ шуда буд, 10 август аз шифохонаи Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии ба номи Вишневскии шаҳри Маскав ҷавоб дода шуд. Ӯро акнун дар яке аз осоишгоҳҳои вилояти Маскав дар давоми як ҳафта табобат мекунанд. Худи Евкуров изҳор намуд, ки дераш баъди як ҳафта ба кор мебарояд.                       Тавре хабар дода шуда буд, 22 июн дар наздикии Назрон ба муқобили президенти Ингушистон амали террористӣ анҷом дода шуд. Зимни ҳаракати қатори мошинҳои президент дар роҳ мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда тарконда шуд. Қувваи таркиш баробари 70 килограмм моддаи таркандаи тротил буд. Онро як террористи фидоӣ ба кор дароварда буд. Дар натиҷаи ин амалиёт корманди милиса Мустафо Кокиев ҳалок шуд. Президенти Ингушистон, бародараш Увайс ва ронандааш Рамазон Евкуров маҷрӯҳ шуданд. Р.Евкуров баъдан дар шифохона вафот кард. Вобаста ба ин амали террористӣ якчанд шахси гумонбар дастгир шудааст. Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 11, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд