РАИСИ БОНК БА ДУЗДИИ МАБЛАҒИ КАЛОН ГУНАҲКОР КАРДА МЕШАВАД

Август 28, 2009 11:51

                 Остона, 28 август. (АМИТ «Ховар» — Вести. Ӯз). — Намояндаи Агентии мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ришвахӯрии Қазоқистон Мурод Ҷумонбой хабар дод, ки раиси собиқи яке аз бонкҳои калонтарини мамлакат — «Алянсбонк» Ҷомарт Ертаев ба дуздидани 1,1 миллиард доллар пули бонк гумонбар мебошад. Политсии молиявӣ нисбати Ҷ.Ертаев парвандаи ҷиноӣ кушод. Вай бо қарори прокуратура ба ҳабс гирифта шуд.  Муовини собиқи раиси «Алянсбонк» Алексей Агеев дар ин мурофиа ҳамчун шоҳид иштирок хоҳад кард.                 «Алянсбонк» — и Қазоқистон яке аз бонкҳои калонтарини тиҷоратии мамлакат буда, дар натиҷаи бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявӣ ва риоя накардани шартҳҳои додану гирифтани қарз бо бонкҳои хориҷӣ бо мушкилоти ҷиддии молиявӣ рӯ ба рӯ гардид. Бонки мазкур айни ҳол қариб 4 миллиард доллар қарздор мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 28, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад