РОҲБАРИ НАТО БА АФҒОНИСТОН РАФТ

Август 6, 2009 11:22

                     Кобул, 6 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Агентии иттилоотии Франс Пресс хабар медиҳад, ки роҳбари нави НАТО Андерс Фог Расмуссен ғайричашмдошт ба Афғонистон сафар кард. Вай ният дорад, ки зимни сафар бо президенти ин мамлакат Ҳомид Карзай ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбии хориҷӣ мулоқот кунад.                     Роҳбари НАТО дар давоми сафар ба натиҷаҳои бадастовардаи низомиёни хориҷӣ дар мубориза ба муқобили силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» ва созмони террористии «Алқаёда» баҳо хоҳад дод.                    Тавре хабар дода шуда буд, Расмуссен зимни шурӯъ карданаш ба иҷрои вазифаи роҳбари НАТО изҳор карда буд, ки яке аз вазифаҳои асосии созмон ҳалли проблемаҳои Афғонистон мебошад. Вай таъкид кард, ки НАТО Афғонистонро тӯли солҳои наздик тарк нахоҳад кард. Қайд карда шуд, ки вазифаи наздиктарини қувваҳои НАТО дар Афғонистон таъмини бехатарии гузаронидани интихоботи Президенти мамлакат мебошад.

Август 6, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд