РОҲБАРИЯТИ НАВИ БДА БО ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ ҲАМКОРӢ МЕКУНАД

Август 21, 2009 10:40

                 Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Комиссияи ҷамъиятии назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи мамлакат дар назди Иттиҳоди «Медиа Алянс» бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳад кард.                 Дар ин бора Муншии умумии созмони журналистии «Медиа Алянс» Зафар Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.                 Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки нақшаи ҳамкориро дар соли 2009 ва дар солҳои оянда тартиб диҳанд. Нақшаи мазкур, аз ҷумла мубодилаи маълумот ва иттилоотро дар бораи риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, пешгирии риоя накардани қоидаҳои мазкур ва бунёди низоми мубориза ба муқобили қонуншиканӣ дар системаи БДА бо иштироки воситаҳои ахбори оммавӣ ва аъзои Комиссияи ҷамъиятиро дар бар мегирад.                 Роҳбари нави Раёсати БДА Маҳмадсаид Саидов зикр намуд, ки мақомоти назорати ҳаракати нақлиёт бо воситаҳои ахбори оммавӣ дар оянда ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Август 21, 2009 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад