РОҲБАРИЯТИ НАВИ БДА БО ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ ҲАМКОРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Комиссияи ҷамъиятии назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи мамлакат дар назди Иттиҳоди «Медиа Алянс» бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳад кард. Дар ин бора Муншии умумии созмони журналистии «Медиа Алянс» Зафар Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки нақшаи ҳамкориро дар соли 2009 ва дар солҳои оянда тартиб диҳанд. Нақшаи мазкур, аз ҷумла мубодилаи маълумот ва иттилоотро дар бораи риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, пешгирии риоя накардани қоидаҳои мазкур ва бунёди низоми мубориза ба муқобили қонуншиканӣ дар системаи БДА бо иштироки воситаҳои ахбори оммавӣ ва аъзои Комиссияи ҷамъиятиро дар бар мегирад. Роҳбари нави Раёсати БДА Маҳмадсаид Саидов зикр намуд, ки мақомоти назорати ҳаракати нақлиёт бо воситаҳои ахбори оммавӣ дар оянда ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳанд кард.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






