РУШДИ ТУРИЗМ ДАР ДУШАНБЕ

Август 3, 2009 11:35

                 Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамасола дар рӯзи байналмилалии туризм — 27-сентябр баргузории намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони «Туризм дар Душанбе» ба ҳукми анъана медарояд. Ин чорабинӣ дар доираи татбиқи амалии «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.                Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати рушди туризм тасдиқ гардид.                Дар асоси он Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор шудаанд, ки ҳар сол наздики сӣ чорабинии гуногунро марбут ба сайёҳӣ дар пойтахт доир намоянд.                Бояд тазаккур дод, ки нақшаи чорабиниҳо ҷолибу ҳадафрас буда, мақсади асосии он рушди туризм дар Душанбе мебошад.               Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Август 3, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид