РУШДИ ТУРИЗМ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамасола дар рӯзи байналмилалии туризм — 27-сентябр баргузории намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони «Туризм дар Душанбе» ба ҳукми анъана медарояд. Ин чорабинӣ дар доираи татбиқи амалии «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати рушди туризм тасдиқ гардид. Дар асоси он Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор шудаанд, ки ҳар сол наздики сӣ чорабинии гуногунро марбут ба сайёҳӣ дар пойтахт доир намоянд. Бояд тазаккур дод, ки нақшаи чорабиниҳо ҷолибу ҳадафрас буда, мақсади асосии он рушди туризм дар Душанбе мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






