РУСИЯ БА МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН КИТОБҲОИ ДАРСӢ МЕФИРИСТАД

Август 4, 2009 16:15

                   Маскав, 4 август. (АМИТ «Ховар», Луюдмила Дубинина). — Бунёди «Русский мир» бо кӯмаки Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарии ИДМ барои мактабҳои Тоҷикистон теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ ҷудо намуд.                    Аз вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи нақша аз Русия ба Тоҷикистон то охири сол 25 ҳазор нусха китоби дарсӣ фиристода мешавад. Аз се як қисми он дар байни мактабҳои миёна тақсим карда хоҳад шуд.                    Раиси Донишгоҳи давлатии Санкт — Петербург ва узви Шӯрои сарпарастони ИДМ Людмила Вербитская зикр намуд, ки матнҳо ва машқҳои китобҳои нави дарсӣ аз ҳаёти мардумони Тоҷикистону Русия нақл мекунанд. Илова бар ин зимни таҳияи китобҳо хусусиятҳои забонҳои русию тоҷикӣ ба инобат гирифта шуданд.  

Август 4, 2009 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд