СӮХТОР ДАР АНБОРИ ҚОЛИНҲО
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- 6 август дар ҶСШК «Кӯҳандиз», ки дар кӯчаи А. Қаҳоров 107 воқеъ аст, сӯхтори калон ба амал омад. Сӯхтор масоҳати 150 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Тамоми ашёҳои анбор, аз ҷумла қолинҳо, гилемҳо, ковролин ва ғайра сӯхта хокистар гашт. Аз дафтари матбуоти Раёсати давлатии сӯхторхомӯшкунии ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар натиҷаи сӯхтор анборҳои дар наздикӣ буда, ки таҷҳизоти он 2 миллион сомониро ташкил медод аз сӯхтор эмин дошта шуд. Ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 28 сӯхтор ба қайд гирифта шуд, аз ҷумла дар Душанбе-11 сӯхтор, вилояти Суғд- 6 сӯхтор, Турсунзода-2 сӯхтор, дар ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав- 1 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии сӯхтор 1197 метри мураббаъ ва зарари умумии онҳо 117 ҳазору 162 сомониро ташкил медиҳад. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






