СӮХТОР ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 4 август. (АМИТ«Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 30 июл дар ноҳияи Мӯъминобод, дар мағозаи хусусӣ, ки ба соҳибкори 73 — сола Мирзоаҳмад Мираков тааллуқ дошт, сӯхтори калон рух дод. Сӯхтор то ба маҳалли фалокат омадани сӯхторхомӯшкунандагон масоҳати 148 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Сӯхтор дар давоми 2 соат пурра хомӯш карда шуд. Бар асари он касе осеб надидааст, Маблағи зарари он 52 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳафтаи гузашта дар саросари мамлакат 30 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат дар вилояти Хатлон 10 сӯхтор, вилояти Суғд 6 сӯхтор, дар шаҳри Душанбе 6 сӯхтор ва ноҳияи Ва ҳдат 3 сӯхтор ба амал омад. Маблағи умумии зарари ҳамаи онҳо 106 ҳазору 240 сомониро ташкил медиҳад. — Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






