САБАБҲОИ ФАЛОКАТИ НЕРӮГОҲ ТАФТИШ КАРДА МЕШАВАНД

Август 26, 2009 10:29

                  Маскав, 26 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Комиссияи махсус сабабҳои рух додани фалокатро дар Нерӯгоҳи барқи обии Саяну Шуша тафтиш намуда, хулосаҳои ҳайратовар баровард. Маълум шуд, ки роҳбарияти нерӯгоҳ ва мутахассисони он дар давоми рӯзҳои аввали рух додани фалокат барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои он ягон чора наандешидаанд.                  Бояд гуфт, ки НБО Саяну Шуша дорои се системаи огоҳкунандаи фалокат мебошад. Вале зимни рух додани фалокати мазкур ягон системаи автоматии нерӯгоҳ кор накардааст. Дар ин бора роҳбари Агентии назорати техникии Федератсияи Русия Николай Кутин хабар дод.                   Вай зикр намуд, ки зимни аз назар гузаронидани агрегати нуҳуми нерӯгоҳ аломатҳои ба кор даромадани таҷҳизоти боздорандаи кори онҳо ошкор нагардид. Ин нишон медиҳад, ки системаи автоматии пешгирикунандаи фалокат кор накардааст.                   Инчунин тахмини мутахассисон дар бораи хароб гардидани парраҳои агрегатҳои нерӯгоҳ тасдиқ нагардид. Роҳбари комиссия зикр кард, ки ҳамаи парраҳои агрегатҳо дар ҳолати мӯътадил қарор доранд. Илова бар ин пешгӯии мутахассисон дар бораи имконияти амалиёти террористӣ дар нерӯгоҳ рад карда шуд. Акнун комиссия хулосаҳои худро дар бораи сабабҳои фалокат охири моҳи сентябр пешниҳод хоҳад кард.                   Мутахассисон фаъолияти техникии нерӯгоҳи мазкурро соли 2008 тафтиш карда буданд. Дар натиҷаи тафтиш ягон камбудӣ ё носозӣ ошкор карда нашуд.                   Тавре хабар дода шуда буд, 17 август зимни тармими яке аз агрегатҳои НБО Саяну Шуша таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи таркиш деворҳои толори агрегатҳо хароб гардиданд ва ҳамаи агрегатҳоро об зер кард. Дар натиҷаи фалокат 71 нафар ҳалок шуд, то имрӯз 4 нафари дигар беному нишон гумшуда ба ҳисоб мераванд.

Август 26, 2009 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд